ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин зилзила ба шиддати 4,2 дараҷаро боз дар ҳудуди Тоҷикистон сабт кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, маркази заминларза дар 65-километрии ғарби Мурғоб воқеъ будааст.
Ин дар ҳолест, ки 4 март низ дар шарқи Тоҷикистон заминларзаҳо ба қайд гирифта шуда буданд.
Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази яке аз заминҷунбиро дар 370-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 97-километрии шарқи кӯли Сарез ва 37-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ кард.
"Қувваи заминларза дар марказ 4 бал, дар Мурғоб 3 ва дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил дод", - иттилоъ дода буд КҲФ.
Ин ниҳод мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро надошт. Маврид ба зикр аст, пас аз ин заминҷунбӣ бо гузашти ҳамагӣ шаш соат ВМКБ-ро заминларзаи навбатӣ такон дод.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.