Раҳимов, Устопириён ва Маҷидов сабқатро дар Тошканд бо пирӯзӣ оғоз карданд

Дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Ӯзбекистон - "Tashkent Grand Slam 2023" чор паҳлавони тоҷикистонӣ сабқат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҷаҳонгир Маҷидов зӯрозмоияшро дар Тошкандбо пирӯзӣ оғоз кард. Ӯ бо як партофти зебо ҳарифи бразилии худро шикаст дод.
Паҳлавони шинохтаи дигари тоҷик, Темур Раҳимов низ сабқатро бо пирӯзӣ оғоз намуда ба даври дигар роҳ ёфт.
Ҷудокори дигари тоҷик, Комроншоҳ Устопириён низ даври аввалро бо пирӯзӣ оғоз намуд.
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмиллии Тошканд 4 ҷудокор, Комроншоҳи Устопириён -90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов -90 кг, Темур Раҳимов +100 кг ва Элмуродов Иброҳимҷон дар вазни беш аз 100 кило ба сабқат оғоз намуданд.
Аз чоргонаи мазкур дар даври аввал танҳо Элмуродов шикаст хӯрд.
Раҷабов размикори шикастнадидаро дар UFC мағлуб карду рекорд гузошт
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар "Tashkent Grand Slam 2023", ки аз 3 то 5 март идома мекунад, 13 нафар ҷудокор намояндагӣ карданд.
Дар рӯзи аввал дар вазни то 66 кило Эмомалии Нуралӣ тавонист ҳамаи ҳарифонашро шикаст диҳаду медали тилои "Tashkent Grand Slam 2023"-ро ба даст орад.
Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори тоҷик тавонист ба хазинаи варзишии Тоҷикистон боз як нишони фахрӣ - медали биринҷӣ орад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа дар Тошканд, Маҳмадбеков ҳарифи австрягии худро шикаст дод ва нишони биринҷии "Grand Slam Tashkent 2023"-ро соҳиб шуд.