ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Соли 2023 дар хоҷагиҳоиТоҷикистон дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ин майдон зиёда аз 11 ҳазор гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад,.
Зикр гардидааст, ки соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ зиёда аз 672 ҳазор тонна пиёз истеҳсол шуда, зиёда аз 66 ҳазор тоннаи он ба хориҷ содир гардидааст.
Дурнамои кишти пиёз дар ҳоле эълон гардид, ки феълан дар Тоҷикистон мавсими кишти он идома дорад.
Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзӣ, дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра - аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон мекоранд. Ғайр аз ин, барои гирифтани пиёзи тирамоҳӣ ва аввали баҳор тухмиро моҳи август мекоранд.
Кишти пиёзи аввали баҳорро охири феврал-аввали март гузаронда мешавад, ки дар Тоҷикистон хеле вусъат ёфтааст. Гуфта мешавад, ки дар сурати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел ҳосили пиёз кам мешавад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад ва маҳз ба ҳамин далел ҳосил камтар хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки соли равон дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди захоири пиёз ба мушоҳида расид, ки дар натиҷа давлатҳо содироти ин маҳсулотро маҳдуд карданд.