Маълум шуд, ки роҳи навсозишудаи Дарвоз - Рӯшон кай ба истифода дода мешавад

Сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон, ки 110 километр тӯл дошта, яке аз душворгузартаринҳо ба ҳисоб меравад, феълан идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Дарвоз – Рӯшон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин иншоот пеш аз муҳлати муқарраршуда, ки соли 2024 дар назар аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар ин бора нашрияи ҳукуматии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" бо такя ба мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон феълан идома дорад. Таъкид шудааст, ки и қитъаи роҳ душворгузартарин буда, 110 километр тул мекашад.
Ин қисмати роҳ пайвандгари маркази Тоҷикистон бо ВМКБ ва ҳамчунин Чин мебошад, ки ҳамлу нақли коло аз тариқи он сурат мегирад.
Баъди исти тӯлонӣ парвозҳоро ба самти ВМКБ аз сар гирифтанд
Қитъаи дигари ин шоҳроҳи байналмилаллӣ аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон мебошад, ки барои таҷдиди он лоиҳакашӣ идома дорад, иттилоъ медиҳанд мақомоти ВМКБ.
Дар самти роҳу нақлиёт таъкид шудааст, ки то ҳол сохтмони 17 пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 20 миллион доллар, аллакай, ба анҷом расидааст.
Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯянд, рӯзҳои наздик сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ ва долонҳои зиддитармавӣ дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон низ, оғоз мегарданд.