Миёни Тоҷикистону Русия созишномаҳои нави байниҳукуматию байниидоравӣ ба имзо расонда мешаванд.
Дар ин бора сарвазири Русия, Михаил Мишустин, зимни музокирот бо ҳамтои тоҷикаш, Қоҳир Расулзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла созишномаҳо дар бахши идораи андоз, дар бахши тандурустӣ, дар соҳаи гумрук ва дигар самтҳо имзо мешаванд, ки татбиқашон ба густариши муносиботи ду кишвар такон хоҳанд дод.
Сарвазири Русия изҳор дошт, ки ҳаҷми додугирифт, ки беш аз 1,6 млрд доллар ва ҳаҷми маблағгузориҳо низ тақрибан дар ҳамин ҳаҷм худ ба худ нишондодҳои бузург нестанд. Аммо зарфияту имкониятҳо зиёданд, ки бояд истифода шаванд.
Дар бахши фарҳангӣ зикр гардид, ки соли равон баргузории Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ташкили Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон низ дар барномаи кори ду ҷониб қарор дорад.
Мишустин ҳамчунин аз афзоиши бурсияҳои таҳсил барои довталабони тоҷикистонӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олии Русия хабар дод, ки теъдодашон беш аз 900 ададро ташкил хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки сафари дурӯзаи кории сарвазири Русия дар Тоҷикистон идома дорад.