Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Суқути шармандавори “қалъаи Баҳмут" наздик аст

Нерӯҳои Украина дар Артёмовск дар муҳосираву қарор доранд. Дар онҷо ҳолати ногузир ба амал омадааст. Нерӯроҳи Русия аз чаҳор тараф шаҳрро муҳосира карданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Таббиист, ки акнун “қалъаи Баҳмут”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина ба деги ҷушони Артёмовск табдил ёфта аст.
Озодкунии пурраи Донбасс наздик мешавад.Он чӣ ки стратегияи ИМА ва НАТО дар театри амалиёти ҷангии Украина, шикасти шармандавор дида истодааст, ба қавле, ҳамааш рӯз барин равшан аст.
Дар остонаи баҳор гурӯҳҳои ҳамлавари ширкати хусусии низомии "Вагнер" наздикиҳои шаҳри Артёмовск –Парасковиевка, Берховка, Ягодное, Дубово-Василевка ва Ступкиро аз кувваҳои мусаллаҳи Украина озод намуданд.
Амали зархаридони украинӣ, ки сарбанди Артемовскро таркониданд, натавонист садди роҳи идомаи озодкунии маҳалҳои ин минтақа гардад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Скотт Риттер ба Украина аз имкон аз даст додани ҳудудҳои наваш
Қумондонҳои кувваҳои мусаллаҳи Украина бобати “вазъи душвор дар Баҳмут” ва “амалҳои беисти ғасбкунӣ” ҳарф мезананд.
Ҷониби Русия фаъолона аз тӯпхона, танкҳо, мушакандози чандгона, нерӯҳои ҳавоӣ истифода мебарад, зерсохторҳои украинӣ бошанд аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ танқисӣ мекашанд.
Ғарб дар ташвиш аст-режими Украина интизориҳои онҳро дар майдони ҷанг барбод дод. Қувваҳои мусаллаҳи Украина барои “ақибнишинии стратегӣ” аз “қалъаи Баҳмут” , ки оғоз аз моҳи августи соли 2022 боиси нобудшавии даҳҳо ҳазор низомиёни украинӣ гаштааст, омодагӣ мебинанд.
Ҳамарӯза режими Киев дар ин мавзеъ надик 500 аскарону афсарони худро аз даст медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар Украина ҳамаи низомиёнеро, ки ба Баҳмут/Артёмовск мераванд маргталаб меҳисобанд. Зеро дар ин ҷо ҳамагӣ дар давоми ду ҳафтаи ҷанг 95 фисади онҳо захмӣ ё кушта шуданд.
Чанде пеш мақомоти иктишофии Олмон талафоти бузурги қувваҳои мусаллаҳи Украинаро тасдиқ намуд.
Пиёданизоми баҳрӣ аз ИМА дарозои умри низомиёни украиниро дар сафи пеши ҷабҳа ҳамагӣ чаҳор соат муайян намуд. Имрӯз дар атрофи Артёмовск гурӯҳи алоҳидаи савораи 24-уми вижаи “ба номи шоҳи Даниил ва Борис Ҷонсон” торумор карда шуд. Воқеан, ин гурӯҳ дар вилояти Лвов ташкил карда шуда буд ва парчами ин гурӯҳро дар майдони ҷанг партофтаанду акнун он барҳам дода мешавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пентагон бар он аст, ки низоъ дар Украина метавонад чанд сол давом кунад
Президент Владимир Зеленский дар оғози моҳи феврал эълон дошт, ки Баҳмут (Артёмовск)-ро намедиҳад. Аммо захираҳои сафарбармешудаи қувваҳои мусаллаҳи Украина беохир нестанд , абарқудратии Қувваҳои мусаллаҳи Русия ва рушди таърихи ин кишвар бошад аз хоҷагони амрикоии Киев вобастагӣ надорад.
Афсона бобати захираи ҳангуфти иқтисодиву низомии НАТО аз сафсатае беш набудааст.
Ҳамаи 30 кишвар-иттифоқчиён ва бист давлати дигар аз ҳисоби “баллегуёни” “ғайриштатии” амрикоӣ бо кӯмакҳои аъзогии худ (ба маблағи садҳо миллиард доллар ва евро) дар давоми сол натавонистанд садди роҳи афзалияти ҷангӣ - тактикиву стратегии гурӯҳи низомиёни Русия дар макони амалиёти ҷангии Украина гарданд.
Маълум аст, ки дар қатори низомиёни Украина чандин ҳазор нафар зархаридон аз 60 кишвари дунё меҷанганд, ки бештарашон аз Лаҳистон, ИМА, Канада, Британия мебошанд. Дар давоми як сол қариб се ҳазор чунин “ихтиёриён” нобуд карда шуданд, ва хамин кадари дигар ба хонаҳояшон баргаштанд.

Афғонистон биҳишташон метобад

Ҳалқаи муҳосираи Артёмовск танг мешавад. Вазъияти гарнизони “қалъаи Баҳмут”-ро дар Киев кайҳост, ки фавқуллода меҳисобанд. Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний ба Зеленский ҳисобот дод, ки пас аз гирифтани маҳалҳои Богдановка ва Хромово аз ҷониби Қувваҳои мусаллаҳи Русия дохили ҳалқа ба деги чӯшон шабоҳат дорад.

Шикаст ногузир аст.

Дар Ҷумҳурии Халқии Донетск хабар доданд, ки дар мавзеъи Часов Яр низомиёни ғарбӣ Украина хати нави муҳофизатӣ месозанд ва бо ин мақсад нерӯҳои худро он ҷо равона мекунанд.
Дар баробари Артёмовск низомиёни Русия ба иншоотҳои кувваҳои мусаллаҳи Украина дар Крематорск, Славянск ва Угледар аз тӯпхонаҳо зарбаҳои нишонрас зада мезананд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шояд дигар чунин нашавад: Лукашенко аз шонси беназири поёни низоъ дар Украина гуфт
Қувваҳои Русия хати муҳофизавии душманро дар шимолтари Авдеевка рахна намуда, ба Красногоровка баромаданд.
Ин самт имкон медиҳад аз ҷониби шимолу ғарби Авдеевка ба ақибгоҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина расанд.
Қувваҳои мусаллаҳи Русия хатти муҳофизатии низомиёни Украинаро туфайли тактикӣ камназири зерсохторҳои ҳамлавар шикаста истодааст ва (ба гуфти таҳлилгарони ғарб) дар ҳайати худ то шаш адад танки “Т-72”, то 12 адад мошинаҳои хушкигарди ҷангӣ, системаи мушакии зиддитанкии сайёр, норинҷакандозҳо ва намуди дигари тӯпхонаҳоро доранд.
Дар ин ҳошия, омодагии низомиёни украинӣ барои зарбаҳои ҷавобии баҳорӣ дар самти Запорожетск нишони сабуксарист, аммо хоҷагони амрикоиашон аз лаббайгӯёни украинӣ талаби қурбонии оммавӣ ва баҳраи геополитикӣ доранд.
Оё “Леопард”-ҳои афсонавӣ ба Қувваҳои мусаллаҳи Украина ва Ғарб кӯмак расонида метавонанд?
Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск Ян Гагин рӯзи гузашта дар бораи ба наздикии Артёмовск партофт шудани чаҳор танки Leopard 2A4, ки чанде пеш аз ҷониби Лаҳистон дода шуда буд, хабар дод.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин: Украина ба майдони озмоиши сенарияҳои хунини НАТО табдил ёфтааст
Ва аллакай иттилои ба дасти низомиёни рус афтодани яке аз ин танкҳо бо ҳайати экипажаш расидааст.
Пас аз ризоияти Олмон бобати фиристодани “Леопардҳо” (ба бозсодирот ба Украина иҷозат додааст), аён гашт, ки дар Аврупо теъдоди танкҳо каманд ва бошанд ҳам, хело кӯҳнаанду қобилияти чангӣ надоранд.
Петагон дар як вақт эълон медорад, ки “ҷаҳон бо қатъият Украинаро дастгирӣ менамояд” ва “Украина бояд маблағи яроқу аслиҳаи барояш дастрасшудаистодаро худаш пардозад”.

Ин талабот ба воқеият рост намеояд.

Як идда нобасомониҳо дар мавриди бегаразона будани кӯмакӯои Британиё дар шакли танкҳои Challenger 2 низ ба мушоҳида мерасанд.
Аслан, оё месазад, ки барои амале, ки бӯи умед надорад, маблағи сармоя гузошта шавад?
Рӯзномаи бритонии Daily Mail бобати наздик шудани Владимир Путин “ба ғалабаи бузурги харбӣ” хабар дод, зеро вазъият “беҳад муташанничҷ” аст ва “Россия ҳамлаҳоро ба Баҳмут пурзӯртар мекунад ва ба таслимшави водор месозад”.
Дар Ғарб хақиқати талхи ногузир будани идомаи амалиёти махсуси низомии Русия то ба расидан ба мақсадҳои ниҳоии Маскавро дарк намудаанд.
Масалан, чунин пешгӯиро ҷосусони Италия дар ҳисоботи солонаи худ ба парлумони милии ин кишвар додаанд.
Ҳатто дар ИМА дарки он намуда истодаанд, ки амалиёти ҷангӣ бо иштироки Русия –“ин саёҳат дар Афғонистон ё Ироқ нест”.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия огоҳу омодаанд: Рогов нақшаи Украина барои мартро ошкор кард
Нашрияи Washington Times эътироф намуд: “Стартегияи Вашингтон дар Украина ба кор намеояд.”
Ин бархӯрд нишон дод, ки ИМА қодир нест, ки иттифоқи аҳлро бо иштироки кишварҳо аз минтақаҳои мухталиф бунёд созад. Ва теша ба решаи баробарвазнии маъмулии байни иттифоқчиёни амрикоӣ дар Аврупо зад. Ин ақида аз Олмону Фаронса ба Лаҳистону кишварҳои назди Балтик кӯчид.
Аз ҷониби дигар, Русия тавонист муносибатҳои байналхалқии худро рушд диҳад.
Нашрияи The American Conservative хабар дод, ки Украина боз ҳам ҳамтакдири Афғонистон хоҳад буд ва НАТО аз Украина абгор хоҳад баромад. Ва суол медиҳад: ”Агар хатар ба ояндаи Аврупо таҳдид дорад, пас барои чӣ норозигии бештар на аз ҷониби Берлину Брюсселу Париж, балки аз ҷониби Вашингтон садо медиҳад?”
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки бо сабабҳои мухталиф ИМА “Украинаро бой медиҳад”.
Котиби генералии НАТО Йенс Столтенберг дирӯз эълон дошт, ки васеъ намудани кӯмаки низомӣ ба Украина ба кишварҳои Ғарб таҳдиди муташанниҷсозӣ дорад, лекин пирӯзии Русия хатари бештаре дорад. Ба қавле, “нахӯду каду, лаънат ба ҳарду”.
Шигифтовар он аст, ки чӣ гуна украниниҳо тавонистанд бе “ғамхории” НАТО таи беш аз 70 сол хушбахту осуда зиндагӣ кунанд.
Ба Telegram-канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко обуна шавед