Содироти хушмеваҳои тоҷикӣ ба кишварҳои хориҷ асосан аз вилояти Суғд сурат мегирад
Бино ба гуфти масъулони Идораи омор, содироти чунин навъи мол тамоюли ру ба афзоиш будааст.
Умедахон Муродӣ, муовини сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки давоми соли гузашта 51,7 ҳазор тон хушкмева содир шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш ба андозаи 122,7 % зиёд шудааст.
Ин масъули Идораи омор гуфт, ки ҳаҷми гардиши савдо аз ҳисоби содироти хушкмеваҳо 25,3 млн доллар ҳисоб шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 1,6 баробар афзудааст.
“Меваҳои хушк асосан ба кишварҳои Русия, Белорус, Туркия, Ироқ, Қазоқистон ва дигар кишварҳо содир шудааст. Дар ин давра аз ҷумла ба Русия наздики 6 ҳазор тон хушкмева ба маблағи 13,3 млн доллар содир шудааст” - гуфт, Муродӣ.