ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин фармон додааст, ки сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода бо орден қадрдонӣ шавад.
Фармони Владимир Путин зимни маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар ҳузури сарвазирони ду кишвар, Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода қироат шуд.
Бар асоси фармон, Қоҳир Расулзода барои саҳми бузург дар таҳкими дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Русия бо ордени Шараф қадрдонӣ гардид.
Орденро дар ҳузури аъзои ҳукумати ду кишвар Михаил Мишустин ба Расулзода супорид.
Дар пайи тақдими орден, маросими имзои санадҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун - андоз, гумрук, саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш ва маориф ба имзо расонданд.
Михаил Мишустин бо сафари дурӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Вай таъкид намуд, ки татбиқи санадҳои ҷадид таконе барои рушди муносиботи ду кишвар хоҳад шуд.
Сарвазири Русия аз афзоиши ҳаҷми додугирифт ва сармоягузорӣ тавсиф кард, аммо зарур хонд, ки зарфиятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.
Вай таъкид намуд, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии Русия мебошад, ки ҳамкории дуҷониба дар заминаи эҳтиром ва дӯстию бародарӣ роҳандозӣ мешавад.