ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Маскав ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият медиҳад.
Ин масъала зимни дидори ректори донишгоҳ Борис Елисеев бо муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода дар пойтахти Русия баррасӣ шуд.
Дар рафти гуфтушунид дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи омода кардани кадрҳои миллй барои Тоҷикистон ва такмили ихтисоси мутахассисони ҷумҳурӣ созишҳо ба даст оварда шуданд.
Ғайр аз ин, мавзӯоти тадқиқоти якҷояи илмӣ кор карда баромада шуд.
Набизода аз технопарки ҳавопаймоҳои бесарнишини донишгоҳ дидан карда, аз маҷмааи таълимӣ-техникӣ, лабораторияҳо ва осорхонаи МДТУ ҒА шинос шуд ва ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳ мулоқот намуд.
Ба гуфтаи Елисеев, созишномаҳои дар пайи мулоқот ҳосилшуда ҳарчи зудтар дар амал татбиқ хоҳанд шуд.