ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Афғонистон дар соли равони милодӣ бо буҳрони башарии рӯ ба рӯ аст, гуфт муовини намояндаи вижаи дабирикули Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ромиз Алокбаруф.
Ба гуфтаи вай, тавлиди нохолиси дохилии Афғонистон дар тӯли яку ним сол ҳукумати Аморати Исломӣ ба таври бе собиқае коҳиш ёфта ва беш аз 700 ҳазор нафари шуғл аз байн рафтааст.
Ба гуфта Алокбаруф, пас аз таъсиси Аморати Исломӣ, тавлиди нохолиси дохилии Афғонистони аз 30 то 35 дарсад коҳиш ёфт ва вазъияти иқтисодии Афғонистони рӯ ба вихомат аст.
Муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ ҳамчунин гуфт, ки иҷрои маҳдудиятҳои ахири Аморати Исломӣ ба вижаи мамнуъияти кори занон шомили заноне ки бо СММ кор мекунанд намешавад.
Вай ҳамчунин афзуд, дар ҳоле ки дар Афғонистон кор вуҷуд надорад, ҳудуди 65 дарсади мардуми ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва миллионҳо нафар дар остонаи қаҳтӣ қарор доранд.
Чанде пеш ниҳоди вижаи Амрикое барои бозсозии Афғонистони “SIGAR” аз эҳтимоли коҳиши чаҳор миллиард долларии тавлиди нохолиси дохилии Афғонистон хабар дод ва гуфт, ки дар соли 2023 ҳудуди 900 ҳазор шуғл дар Афғонистон аз байн хоҳад рафт.
Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ эълом карда буд, ки то поёни соли 2022 тавлиди нохолиси дохилии Афғонистони 30 дарсад коҳиш меёбад.