ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов дар мусобиқаи ACA 153 барои бори дуввум рақибашро иваз кард, хабар медиҳад sports.tj.
"Ман ду рақиб доштам. Аввал Виталий Немчинов маҷрӯҳ шуд ва баъд бразилӣ [Вагнер Прадо] ба бемории ковид гирифтор шуд. Боз ҳам рақиби ман дар муддати кӯтоҳ ба майдон мебарояд", - шарҳ дод варзишгари тоҷик.
Ҳамакнун рақиби нави ӯ Наталисио Филюи, ки он ҳам бразилӣ аст, таъин шуд.
То кунун Терминатори тоҷик дар корномааш 19 ғалаба ва 7 бохт дорад. Ҳарифи нави ӯ бошад, 15 пирӯзӣ, 2 бохт ва 2 мусовӣ дорад.
Мусобиқаи ACA 153 рӯзи 9 март дар Маскав баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Одилов моҳи декабри соли 2022 бо ширкати промоутерӣ Absolute Championship Akhmat шартнома баст.
Тибқи шартҳои шартнома, дар доираи лига ӯ бояд 6 қувваозмоӣ гузаронад. Нахустин набарди ӯ бо намояндаи Эрон Амир Нурӣ буд.
Размикори тоҷик аллакай дар набарди аввал тавонист, ки рақобатро дар шашкунҷа бар ҳарифаш пеш аз муҳлат бибарад. Рақобат камтар аз як дақиқа давом кард.