ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сарвазир ва ҳамзамон раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин вориди Тоҷикистон шуд.
Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад "Ховар".
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин сафари кории сарвазири Русия ба Тоҷикистон аст.
Интизор меравад, ки давоми рӯз мулоқоти Мишустин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир шавад.
"Худи ҳамин рӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия бо арзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллат тоҷик дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузарад", - афзудааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки номбурда дар Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия, ки дар Душанбе идома дорад, иштирок менамояд.
Ҳамазамон гуфта мешавад, ки ӯ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин боздид карда,
Музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия бошад, фардо дар назар аст.