Додугирифти вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия ба 617 млн доллар расид

Раиси вилояти Суғд дар гуфтугӯ бо муовини вазири саноат ва савдои Русия гуфт гардиши савдои хориҷии вилоят бо минтақаҳои мухталифи Русия сол аз сол афзоиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия сол аз сол афзуда, дар соли 2022 ба 616,6 млн доллар баробар шуд.
Дар ин бора раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев хабар додааст.
Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд вилоят бо минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва ғайраҳо​ ҳамкории зич дорад.​
Дар ин мулоқот тазаккур дода шуд, ки​ вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд бо сармоягузории муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд, ки​ барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот мусоидат намояд.
Суғд омодаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба вилояти Нижегороди Русия аст
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар бораи вазъи кунунии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда, маҳсулоти содиротӣ, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дод ва омодагии вилоятро барои тавсеаи ҳамкориҳо баён дошт.
Муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев қайд кард, ки ҳадафи сафар, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд, мусоидати вазорати саноат ва савдо дар густариши робитаҳои иқтисодӣ мебошад.​
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ва ҳусни тафоҳум ба анҷом ёфт.