ДУШАНБЕ, 27 февраль — Sputnik. Аз 27 то 28 феврал дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад, хабар медихад Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании кишвар.
КҲФ бо такя ба маълумоти ҳавошиносон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма дар назар аст.
Муайян карда мешавад, ки офати табиӣ аз навоҳии куҳии тобеи ҷумҳурӣ, ғарбии ВМКБ, аз ҷумла манотиқи зерини роҳҳо имкон дорад сар занад:
Душанбе – Чанак;
Нуробод - Сангвор;
Душанбе – Хоруғ;
Хоруғ – Шуғнон;
Хоруғ – Роштқалъа;
Хоруғ — Ишкошим.
Наҷотдиҳандагон аз аҳолӣ хоҳиш мекунанд, ки дар ин давраи хатарнок аз сафар ба маҳалҳои тармафаро худдорӣ намуда, ниҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо шинос шаванд.
"Ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ва ё қитъаҳои хатарноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо риоя карда шавад. Дар роҳҳо эҳтиёткор бошед", - зикр кард КҲФ.