ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Пас аз баста шудани фазои шаҳри Санкт-Петербург барои як муддате, фурудгоҳ дубора ба қабулу парвозҳо ҳавопаймоҳои дохиливу хориҷӣ боз шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Қаблан дар фазои вилояти Ленинрад парвози ҳавопаймои номаълум сабт шуд, мақомот фавран амалиёти “Ковер”-ро роҳандозӣ намуданд ва фазои вилоятро комилан бастанд. Ба ҳаво ҷангандаҳо Су-35 ва МиГ-31 парвоз карданд.
Ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи лағви манъи фуруд ва парвоз аз Пулково маълумот гирифтанд.
Аммо чанде пеш хабар расид, ки фазо пок аст ва маҳдудиятҳо дар парвозҳо лағв шуданд. Фурудгоҳ дубора ба кори худ оғоз кард.
Дар ҳамин ҳол, баста шудани фурудгоҳи "Пулково"-и Санкт Петербург ба парвозҳои самти Тоҷикистон - Русия таъсир нарасондааст.
"Парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр", ки соати 14:00 бо вақти Душанбе дар нақша буд, бидуни таъхир ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кард" , - гуфтанд дар хадамоти матбуотии ширкати "Сомон Эйр" ва фурудгоҳи Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург муваққатан қабул ва парвози ҳавопаймоҳоро манъ карда буд.
Бархе аз парвозҳо аз ин фурудгоҳ то 12 соат ба таъхир афтоданд.