Зӯрозмоии размикорҳои наврас дар Душанбе - видео

Ҳунарҳои размии омехта дар Тоҷикистон, гарчанде дар сатҳи расмӣ хушунатомез шинохта шудаанду мусобиқаҳои расмӣ баргузор намешаванд, мухлисони зиёд доранд
Sputnik
Ҳатто дар сатҳи ҷавонону наврасон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои размии омехта дар сатҳи баланд қарор дорад. Мусобиқаҳо миёни наврасон як марҳилаи омодагӣ ба муборизаҳо миёни калонсолон арзёбӣ мегарданд.
Дар шаҳри Душанбе дар заминаи бошгоҳи варзишии "55 Combat" мусобиқаи калони муҳорибаҳои омехта баргузор гардид. Ба ҳайси иштирокдорони ин зӯрозмоӣ асосан наврасону кӯдакон баромад намуданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки аз ҷараёни мусобиқот дидан намуд, бархе аз лаҳзаҳои ин зӯрозмоиҳоро сабту пешниҳод кард.
Дар мусобиқа садҳо размикори наврас, тарбиятгирандаҳои беҳтарин мураббиёни ҷумҳурӣ иштирок дошота, ҳунарашонро намоиш доданд.
Терминатори тоҷик ба муборизаи нав омодагӣ мегирад
Барои мухлисию дастгирии варзишгарони ҷавон на танҳо волидони онҳо, балки дӯстону ҳамсабақон низ омада буданд. Ба ҳамин далел фазои толор воқеан пурхуруш буд.
Дар натиҷаи мусобиқа ғолибон на танҳо нишону ҷомҳҳо, балки аз ҳама муҳимтараш, таҷрибаи пурарзише гирифтанд, ки ба рушди маҳорати варзишии онҳо мусоидат мекунад.
Мусобиқаи MMA байни наврасон воқеан як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати калони муҳорибаҳои омехта байни варзишгарони калонсол шуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҳунарҳои размии омехта солҳои охир миёни ҷавонони тоҷикистонӣ маҳбубияти бештаре пайдо карда, то ҳол аллакай ду размикори тоҷик - Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов дар яке аз созмонҳои машҳури ин ришта - UFC роҳ ёфтаанд.