ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Фақру гуруснагӣ дар даҳсолаи ахир дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли афзоиш ёфтан қарор дорад ва ҷаҳон дигар ба пеш ҳаракат надорад, балки бараъксдар ҳоли ҳаракат ба қафо аст, гуфт, дар ифтитоҳи 52-умин Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Женева дабири куллии СММ Антониу Гутерреш.
"Ба ҷои идомаи пешрафт, мо аз ин роҳ баргаштем. Фақри шадид ва гуруснагӣ бори аввал дар даҳсолаҳои охир афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Дабири кулли СММ, дар соли 2023, 339 миллион аҳолӣ дар саросари ҷаҳон ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд, ки бештар аз 25 дарсад нисбат ба соли 2022 аст.
Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ қаблан хабар дода буд, ки теъдоди афроде, ки дар ҷаҳон ба норасоии шадиди ғизо мувоҷеҳ шудаанд, ба 340 миллион нафар расид.
Гуфта мешавад, ки ин рақам аз соли 2019 инҷониб беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Ба афзоиши он пандемияи COVID-19, низоъҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва тағирёбии иқлим таъсир расонд. Пешгӯи карда мешавад, ки шумораи одамоне, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд ва аз гуруснагӣ азият мекашанд, афзоиш меёбад.
Мушкилоти экологӣ низ аз омилҳои манфие ба шумор мераванд, ки ба вазъи озуқаворӣ дар ҷаҳон таъсир мерасонанд.