ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба ватани худ биёед ва дар канори афғонҳо бо ифтихор дар канори мардуми худ зиндагӣ кунед сарзамину хонаи шумо ҳамааш маҳфуз аст, гуфт Вазири таҳсилоти олии ҳукумати толибҳо Нидо Муҳамади Надим.
Ба гуфта ин мақомдори ҳукумати толибҳо дар низоми кунунии диктаторӣ вуҷуд надорад ва ҳама метавонанд ҳаққашанро бозхост кунанд.
Нидо Муҳамади Надим, ҳамчунин итминон дод, ки ҳеҷ чизе бар мардуми Афғонистон таҳмил намешавад.
Ёдовар мешавем, буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, “Толибон” фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст.
Баъд ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор нафар Афғонистонро тариқи кишварҳои ҳамсоя тарк карданд.
Ҳамчунин мақомдорони аршади ин кишвар ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор карданд. Аммо баъд аз чанд муддате бархе аз мақомдорони ҳукумати пешин ба ватан баргаштанд.