Дар Туркия 188 лоиҳакашу пудратчиро боздошт карданд

Вазири адлияи Туркия қаблан гуфта буд, ки ҳеҷ кас барои хунукназарӣ, ки боиси фурӯпошии биноҳо дар вақти заминларза шудааст, аз муҷозот раҳоӣ нахоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев- Sputnik. Мақомоти Туркия дар миёни роҳбарон ва кормандони ширкатҳои таҳиягарон ва пудратчиён гумонбаронро муайян кардаанд, ки метавонанд дар сохтмони пастсифат ва тахриби биноҳо дар натиҷаи заминларза масъул бошанд.
Ҳамин тариқ то кунун 188 нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Дар ин бора рӯзи якшанбе Anadolu хабар медиҳад.
Қаблан вазири адлияи Туркия Бекир Боздоғ ваъда дода буд, ки ҳеҷ кас барои хунукназарӣ, ки боиси фурӯпошии биноҳо дар вақти заминларза шудааст, аз муҷозот раҳо нахоҳад шуд.
Умур Аҷар наҷотбахшони тоҷикро қаҳрамонони Туркия хонд
Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмароси ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,8 дараҷа рух дода буд.
Заминларза дар 11 вилояти ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос шуд.
Тибқи маълумоти ахир, беш аз 42 ҳазор нафар дар Туркия ва 8,5 ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд.