ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳои сармоягузорӣ баста шуданд.
Дар ин бора Алишер Мирзонабот раиси вилоят зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши байнулмилалии “Помир-Инвест” имкон дод, ки ба вилояти Бадахшон маблағи бесобиқа ҷалб карда шавад.
То имрӯз дар доираи созишномаҳои басташуда 12 лоиҳа ба маблағи 160 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 665 миллион сомонӣ корҳои фаъол идома доранд.
Тавре Мирзонабот афзуд, нақшаи буҷаи маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худ дар соли 2022 107,7% иҷро шудааст.
Қаблан Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, далели аслии нарафтани сармоягузорони калон ба ВМКБ, ин набудани инфрасохтор аст, гуфта буд.
Ӯ гуфт, вилоят имконоти бузург дорад ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқӣ заминаи аввалия барои фароҳамсозии шароит хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар сатҳи вилоят 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешаванд, ки ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Тибқи нақша дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз - 103 иншоот, Ванҷ - 101, ноҳияи Рӯшон - 150 бинои замонавӣ, Шуғнон - 312 иншоот, Роштқалъа - 205 иншоот, Ишкошим - 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб - 83 иншоот бунёд мегарданд.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ, тайи 2 соли охир дар вилоят 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд.