ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Хоруғ 37 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст, иттилоъ дод шаҳрдор, Ризо Назарзода зимни нишасти матбуотӣ.
Раиси шаҳр изҳор дошт, ки ин теъдод иншоотҳо соли гузашта ба итифода дода шуданд. Вай афзуд, феълан дар 98 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Таъкид гардид, ки соли 2022 дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 166 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуд.
Дар маҷмуъ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот дар назар аст.
Ба иттилои ҳукумати ВМКБ, арзиши ин иншоот зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар назар аст, ки зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешаванд, ки ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Тибқи нақша дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз - 103 иншоот, Ванҷ - 101, ноҳияи Рӯшон - 150 бинои замонавӣ, Шуғнон - 312 иншоот, Роштқалъа - 205 иншоот, Ишкошим - 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб - 83 иншоот бунёд мегарданд.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ, тайи 2 соли охир дар вилоят 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд.
Таъкид гардидааст, ки иқдом барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат идома доранд.