ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар қисмати ниҳоии қаҳрамонии Осиё озими Ӯзбекистон мегардад.
Ба иттилои ФФТ, сафари тими кишвар ба Тошканд 27 феврал дар назар аст. Дар ин қаҳрамонӣ, ки аз 1 то 18 март идома хоҳад кард, тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси белорусӣ зӯрозмӣ мекунанд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи "С" баромад карда, бо тимҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад.
Бозии нахустини мунтахаби Тоҷикистон 2 март бо Урдун сурат мегирад. Инчунин ҷавонони тоҷикистонӣ бо ҳамтоёнашон аз Уммон 5 март ва Кореяи Ҷанубӣ 8 март нерӯ месанҷад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Дар зимн тими ҷавонон тоҷик ахиран дар бозии дӯстонаи дуюмашон низ аз Сурия шикаст хӯрданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Сурия – бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон голи ягонаро нимҳимоятгар Ҳамзаҷон Аҳтамов дар дақиқаи 24-ум ба самар расонд.
Ин дуюмин бохт аз тими Сурия ва охирин рақобати санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) пеш аз Ҷоми Осиё-2023 буд.