ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Клуби марказии варзиши артиш - КМВА-и Душанбе барои бори аввал дар таърихаш Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Ба иттилои ФФТ, дар бозии ниҳоӣ тими КМВА таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев бар "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб гардид.
Голҳои Хуршед Абдуллоев ва Сӯҳроб Каримов ба бошгоҳи артиш пирӯзӣ оварданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм "Равшан"-и Кӯлоб барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар рақобат бо" Панҷшер" барои ишғоли зинаи сеюм вақти асосӣ ва изофӣ бе гол ба анҷом расид. Дар силсилзарбаҳои 11-метра бошад бозигарони “Равшан” дақиқтар буданд, иттилоъ дод ФФТ.
Бозиҳои дувоздаҳумин мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуданд.
Бояд гуфт, ки ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 бо 50 ҳазор сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд. Хазинаи ҷоизаҳои мусобиқа дар маҷмуъ 100 ҳазор сомониро дар соли равон ташкил дод.