ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар иҷлосияи вижаи СММ аз қабули қатъномаи зидди Русия – дар бораи "усулҳои сулҳи одилона" дар Украина худдорӣ кард.
Дар ин қатънома “аз Россия талаб карда мешавад, ки тамоми қувваҳои мусаллаҳи худро фавран ва пурра аз қаламрави Украина берун кашад ва ба ҷанг анҷом диҳад".
7 кишвар – Русия, Беларус, Кореяи Шимолӣ, Мали, Никарагуа, Сурия ва Эритрея мухолифи ин қатънома шуданд.
32 ҳайат, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.
Инчунин Арманистон, Чин, Боливия, Куба, Ҳинд, Эрон ва дигар давлатҳо низ худдорӣ намуданд.
Барои тасвиби ин санад 141 кишвар, аз ҷумла Гурҷистон, Сербистон ва Туркия раъй доданд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, дар ҷараёни овоздиҳӣ пешниҳодҳои Минск, ки масъулияти оғози ҷанг бар души Русия аст аз ин санад бардошта шавад, дастгирӣ наёфт.
Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя, пеш аз раъйдиҳӣ, қатъномаи Ғарбро "зидди Русия ва зараровар" номид, ки ба "ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ҷиддӣ ва дарозмуддати дипломатӣ"-и бӯҳрони Украина мусоидат намекунад.
Ба ақидаи ӯ, ба мухолифони Русия "ҳоло пеш аз ҳама шумора ва раъйҳо лозиманд".