ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар фаъолияти фаъолияти ширкати “Яндекс Go” дар қаламрави Тоқикистонро ғайриқонунӣ медонад.
Тавре дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, хизматрасонии ширкати “Яндекс Go" платформаи иттилоотӣ набуда, балки як қисмати раванди мусофирбарӣ бо таксиро иҷро кардааст.
Қаблан ширкати “Яндекс Go” гуфта буд, ки хизматрасонии моро нодуруст ба ҳайси интиқолдиҳанда қабул мекунанд, мо як платформаи иттилоотӣ ҳастем.
Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳақиқат ронандаи автомашинаи такси П.Б.А, ки тибқи шартнома бо ширкати таксии дахлдор фаъолият мекунад, рузи 16.02.2023с. бо истифода аз барномаи ширкати “Яндекс Go” аз мусофир фармоишро қабул кардааст, ки хилофи санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳа мебошад.
“Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст”, - таъкид кардаст вазорат.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ба Ширкати “Яндекс Go” аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст.
“Аз ин рӯ фаъолияти ин ширкат дар Ҷумҳурии Тоқикистон ғайриқонунӣ мебошад”, - зикр кардааст вазорати нақлиёт.
Ба иттилои вазорат ҷалби таксӣ барои хизматрасонӣ ба мусофирон аз ҷониби интиқолдиҳандаи як оператори Хадамоти таксӣ бо оператори дигари Хадамоти таксӣ, инчунин бо рақамҳои бақайдгирии давлатии дигар минтақаҳо дар ҳудуи шаҳрҳое, ки дар онҳо фаъолияти таксӣ бо намуди берунаи якхела қабул гардидааст, иҷозат дода намешавад.