ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи амалисозии "Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" дар пойтахт нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ гардид.
Дар ин бораи дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи нақша, давоми солҳои 2023-2026 дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ ва фестивалу озмунҳо баргузор шуда, муосиргардонии иншооти соҳа низ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе мақсад амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании пойтахти мамлакат ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта наздик ба як миллион гардишгар аз Тоҷикистон дидан кардааст.
Дар соли гузашта танҳо аз пойтахтки кишвар 192 ҳазор гардишгари хориҷӣ боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2021 2 маротиба зиёдтар будааст.
Бояд гуфт, ки соли сипаригардида бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 65 барнома доир карда шуд.