Кумаки 40 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оилаи зарардида аз офати табиӣ дар ноҳияи Ванҷ

Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки ба ҳар оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ванҷ кумаки моливу ғизоии раисҷумҳури кишвар расонида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба ҳар оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ванҷ 40 ҳазор сомонӣ ва ҳамчунин кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти ВМКБ.
Иттилоъ дода шудааст, ки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якҷо бо сардорони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба ноҳияи Ванҷ сафар намуда, барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи оилаҳои зарардидаи деҳаҳои Садвадгу Хаспо, ки бар асари офатҳои табиӣ фарзандони худро аз даст додаанд, рафтанд.
Таъкид шудааст, ки роҳбарияти вилоят таъзияи раисҷумҳури кишварро ба аҳли хонаводаҳои фавтидагон расонида, изҳор доштанд, ки аз даст додани фарзанд дарди сангинест ва онро бо чизе ҷуброн кардан ғайриимкон аст.
Бо супориши президент: Бег Сабур барои санҷиши антенаҳо ба Бадахшон рафтаст
“Ба зарардидагон кумаки молии Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳар кадоме 40 ҳазор сомонӣ ва ҳамчунин кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас карда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки 20 феврал дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон либоси зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, печи аловӣ, кат бо ҷиҳози хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристода шуд.
Кумаки мазкур дар маҷмӯъ аз 18 тонна маҳсулоти ғизоӣ иборат мебошад.