Рӯзи баргузории ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум шуд

Ғайр аз ин ҷаласа дар пойтахти Тоҷикистон ҳамчунин дар тирамоҳи соли 2023 ҷаласаи “Шӯрои сарони Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал” баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 сентябр баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилоъи вазорати энержӣ ва захоири обии кишвар, дар ҳамин рӯзҳо ҷаласаи муассисони “Шӯрои сарони Сандуқи байналмилалии наҷоти баҳри Арал” баргузор мешавад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи таъсиси комиссияи вижа барои ташкили мулоқоти меҳмонон қарореро ба имзо расонд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс ба як нишасти муштарак омодагӣ мегиранд
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи чаҳоруми нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиё Марказӣ моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон баргузор шуда буд.
Дар ин ҷаласа дар мулоқоти сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин шарикии тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки бори нахуст Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2018 дар Нур-Султон баргузор шуда буд. Дар ин муддат дар Тошканд ва Туркманистон низ мулоқотҳо баргузор шуданд.