ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Умут Аҷар, сафири Тоҷикистон дар Туркия наҷотбахшони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ бо дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифт.
Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар фурудгоҳи Душанбе наҷотдиҳандагонро муовини сарвазир, роҳбарияти КҲФ, роҳбарони Сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳои Кумита, Ссфири фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Наҷотбахшонро бо гулдастаҳо, нону намак ва кафкӯбии бардавому нидои “браво” истиқбол гирифтанд.
Юсуфӣ аз қавли Умут Аҷар афзуд, ки ӯ барои истиқболи қаҳрамононаш ба фурудгоҳ омад.
“То имрӯз наҷотдиҳандагони КҲФ қаҳрамони Тоҷикистон буданд ва имрӯз қаҳрамони Туркия шудаанд”, - таъкид намуд сафири Туркия дар Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки наҷотбахшони тоҷик дар Туркия се нафарро аз марг наҷот дода, ҳамчунин дар Қаҳрамонмараш ва вилояти Хатой ҷамъан ҷасади 217 нафарро пайдо карданд.