Собирӣ: Дар давоми 31 сол Душанбеву Теҳрон ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ имзо кардаанд

Сафири Эрон дар Тоҷикистон эълон кардааст, ки Теҳрон барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Душанбе ҳеҷ маҳдудияте надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.
Вай афзуд имсол низ бо талоши мақомоти олирутбаи ду кишвар ва чораҳои андешидашуда шоҳиди рушди чашмгире дар муносиботи иқтисодии байни ду кишвар хоҳем буд.
Муҳаммадтақи Собирӣ гуфт, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Эрон мехоҳад тоҷикистониёнро ба гардишгарии саломатӣ ба Машҳад бештар ҷалб намояд
Ҳамчунин сафир қайд кард, ки дар ростои осонсозии сафари шаҳрвандон ва сайёҳони ду кишвар, тайи се соли ахир се хати парвози мустақими ҳафтагӣ байни Эрон ва Тоҷикистон барқарор шудааст.
“Мехоҳам бо ифтихор баён кунам, ки дар тули як соли гузашта, равобити фарҳангии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон низ иртиқои чашмгире ёфт”, - гуфтааст оқои Собирӣ.
Вай афзуд дар моҳи октябри соли 2022 ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон, шаҳрҳои Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор шуд ва дар моҳи ноябр низ шоҳиди баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб будем.
Сафир илова кард, ки Эрон ва Тоҷикистон дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ, монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хубе доранд ва аз мавқеи якдигар дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пуштибонӣ мекунанд.
Тоҷикистон гуфт, дӯстиро бо Эрон таҳким мебахшад
Сафири Эрон итминони додааст, ки дар соли равон шоҳиди тақвияти ҳамкориҳо ва густариши рӯзафзуни равобити ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон хоҳем буд.
“Эрон барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад”, - қайд кардааст сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ.