ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба шумор меравад. Ин ҳарфҳоро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат зимни суханронияш ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иззҳор дошт.
"Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд".
Ба гуфтаи ӯ, дар даврони истиқлолият беш аз 28 ҳазор нафар мутахассисони низомӣ дар дохили кишвар ва хориҷи кишвар омода шудаанд.
Зиёда аз 80 фоизи тамоми афсарони Қуваҳои мусаллаҳро хатмкунандагони институтҳо ва академияҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
Дар тӯли 30 сол дар Тоҷикистон 10 қисмҳои низомӣ ва инфрасохтор, 24 комиссариати ҳарбии ноҳияҳои шаҳр, беш аз 100 иншооти хизматрасонии саноатӣ ва беш аз 2,6 ҳазор иншооти дигар бунёд карда шуданд.
"Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам", - изҳор дошт президент.