ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон корхонаи ҷадиди истеҳсоли гаҷкартон бунёд хоҳад шуд, иттилоъ дод нашрияи расмии вилоятӣ - "Хатлон".
Ба иттилои манбаъ, корхонаи ҷадид дар доираи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ бунёд мегардад.
Мақомоти Хатлон интизор доранд, корхонаи мазкур то моҳи апрели соли равон фаъол гардад.
Бунёди корхонаи мазкурро ҷамъияти “Моҳир” дар ноҳияи Ёвон ба уҳда дорад, ки молики корхонаҳои дигари тавлиди маҳсулоти сохтмонӣ дар минтақа мебошад.
Интизор меравад, ки корхонаи ҷадиди ширкат иқтидори коркарди 200 ҳазор тонна гаҷ ва истеҳсоли 30 млн метри мураббаъ гаҷкартонро дар як сол хоҳад дошт.
Мақомоти саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯянд, корхонаи мазкур бо харҷи 23 млн доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар 150 ҷойи кории нав фароҳам хоҳад шуд.
Фаъолсозии корхонаи ҷадид дар Ёвон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тавлидоти масолеҳи сохтмониро солҳои охир вусъат дода, содироти онҳоро ба роҳ мондаст.
Аз ҷумла дар ин бахши саноат, тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда, ба монанди семент, коркарди санг, гаҷкартон, шифер, қубурҳои асбестӣ, амстронг, бомпӯши битумӣ, рангҳои акрилию эмулсионӣ ва андоваҳои минералӣ роҳандозӣ гардидаанд.