ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 41 ҳолати фаромадани тарма ва 1 сел ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди роҳҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст. Роҳҳои ноҳиявӣ феълан баста мебошанд.
Таъкид шудаст, ки бар асари гарм шудани рӯзҳои ахир ва боридани барфи зиёд фаромадани тарма идома дорад.
Инчунин дар километри 426-уми шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ дар ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.
Бо ёрии техникаи махсуси хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт то шоми 21 феврал роҳро тоза карда, ҳааракатро барқарор намуд.
Инчунин дар ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, ноҳияи Дарвоз сел фаромадааст, ки дар пайи бартарафсозии оқибатҳои он роҳ дигарбора боз гардид.
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то 23-юми феврали соли равон хатари лағзиши тармаву регу санг ҳамоно боқӣ мемонад.
КҲФ аз аҳолӣ даъват намудаст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум худдорӣ кунанду ронандаҳои қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд.