ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои муштараки артиши Украина Сергей Наев гуфт, ки Киев ба ҳамла омодагӣ мегирад, аммо замони он махфӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Пештар раиси хадамоти давлатии кашшофии Украина Кирилл Буданов гуфта буд, ки набардҳои ҳалкунанда дар Украина то охири баҳор сурат хоҳанд гирифт.
Наев дар мусоҳиба бо Укринформ гуфт, ки дар мавриди омодагии ҳамлаи артиши Украина, нерӯҳои мувофиқро барои ин омода кардаем, аммо кай баргузор мешавад, ин маълумоти махфӣ аст.
Вай дар шарҳи авзоъ дар марз бо Беларус гуфтааст, ки дар сурати афзоиши шумори нерӯҳои Русия ва Беларус дар наздикии он, Киев низ ҳамин корро хоҳад кард.
"Ин иқдоми ҷавобӣ хоҳад буд: онҳо сатҳи таҳдидро зиёд мекунанд - мо сатҳи вокуниши худро ба ин афзоиш медиҳем", - гуфт Наев.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.