ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Гурӯҳи наҷотбахшони КҲФ Тоҷикистон пас аз анҷоми кор дар ду вилояти бар асари заминларза харобшудаи Туркия ба Душанбе бармегарданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ, ҳавопаймои ҳомили наҷотдиҳандагони тоҷик шаби 23 феврал дар пойтахти Тоҷикистон фуруд хоҳад омад.
Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон давоми ду ҳафтаи охир дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар вилоятҳои Қаҳрамонмараш ва Хатой фаъолона иштирок намуданд.
Тайи ин муддат тавонистаанд чанд нафарро зинда аз зери харобаҳо наҷот диҳанд ва инчунин беш аз 200 ҷасадро берун овардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати 50-нафарӣ аз Тоҷикистон, ки шомили имдодгарону масъулини тиб буд, 9 феврал озими Туркия гардида буд.
Дар рӯзҳои аввали баъди заминларза наҷотдиҳандагон дар як муддати кӯтоҳ се нафарро дар Қаҳрамонмараш зинда аз зери биноҳои фурӯрехта берун оварданд, ки миёнашон ду кӯдак буданд.
Ахиран раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони КҲФ аз наздик шуда, сипосгузорӣ намуд.
Заминларзаи фоҷиабор Туркияро субҳи 6 феврал такон дод, ки дар натиҷа беш аз 40 ҳазор нафар кушта шуда, садҳо ҳазори дигар маҷруҳу бехона гардидаанд.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.