Сипоси Раҳмон аз низомиён барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии ариши кишвар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонид.
Мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, табрику таҳният гуфт.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон давлат бемайлон тараққӣ кардааст.
“Ватани маҳбубамон сол ба сол ободу зебо ва некӯаҳволии халқамон беҳтар шуда истодааст”,- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамаи ин дастовардҳоро Эмомалӣ Раҳмон самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд, ки ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии артиши кишвар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин гардида истодааст.
Генералҳои нав дар Тоҷикистон: Президент ба киҳо рутбаю мукофоти давлатӣ дод?
Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон ба як қатор кормандону афсарони ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро мукфоту рутбаҳои навбатӣ тақдим кард.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Тоҷикистон, ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфт.