ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Расонаҳо хабар доданд, ки пулис шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боздошт кардааст, ки дар ин занозании оммавӣ иштирок дошатнд.
Аммо сафорати Тоҷикистон дар Маскав маълумот дар бораи иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин занозании оммавиро дар шаҳри Маскав рад кард.
“Маълумот дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар занозании оммавӣ дар як қаҳвахонаи Маскав дар кӯчаи Люблинская, ки бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, дуруст нест”, - таъкид кардааст Сафорати кишвар.
Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти дахлдори Русия маълум кардааст, ки иштирокчиёни ин муноқиша шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд.
Дар занозании оммавӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав дар кӯчаи Люблинская пулиси Русия 15 нафарро боздошт кардааст.
Тибқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, муноқиша бар асари хусумати шахсӣ байни иштирокчиёне, ки дар онҷо истироҳат мекарданд, оғоз шудааст.
ВУД-и Маскав хабар дод, ки муноқиша байни меҳмонони қаҳвахона на дар дохили бино, балки дар назди даромадгоҳи муассиса рух додааст.