Расулзода дар Хоруғ: зарардидагон ҳарчи зудтар бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин шаванд

Сарвазири Тоҷикистон дар садри як ҳайати ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ бо масъулини вазорату идораҳо ҷаласа баргузор намуда, супоришҳо дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода бо баргузории ҷаласа бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ-ро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Расулзода нахуст саломи президентро ба аҳли толор ва дар симои онҳо ба тамоми сокинони вилоят расонда, изҳори ҳамдардии хешро ба сокинони вилоят, ки ҳангоми рух додани офати табиӣ наздикони худро аз даст доданд, баён намуд.
Ӯ таъкид намудаст, ки ҳукумат намегузорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми рух додани ягон ҳодисаи нохуш худро танҳо ҳис намоянд.
"Сафари гурӯҳи корӣ, ки таҳти роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилоят анҷом дода мешавад, нишонаи ғамхории ҳукумати мамлакат нисбати шаҳрвандони он мебошад", - изҳор доштаст ӯ.
Раиси Хоруғ: шаҳр ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
Сарвазир ба роҳбарони вазорату кумитаҳо ва роҳбарияти вилоят супориш додаст, ки ҳарчи зудтар зарардидагонро бо хонаҳои истиқоматӣ ва ашёи рузгор таъмин намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран маркази ВМКБ барфрезиҳои шадид ва тармафароии маргборро паси сар кард, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошта, хонаҳою инфрасохторро дар шаҳр тахриб намуд.
Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ, ки сарвазиру вазирони кишварро шомил аст, аз Хоруғ боздид намуд.