ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сабаби ба қайд нагирифта шудани сироят ба коронавирус дар Тоҷикистон дар ин авохирро вазорати тандурустии кишвар ба моякӯби шудани тақрибан тамоми аҳолӣ медонад.
Тибқит иттилои сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров дар Тоҷикистон то 15 феврали соли 2023 зиёда аз 5 миллион нафар (98,9%) бар зидди COVID-19 эм карда шуданд.
Ҳамзамон вай қайд кардааст, ки аз 18 феврали соли гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди мубталошавӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
“Бо мақсади пешгирии хурӯҷи нав дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ барои эмгузаронии шаҳрвандон андешида мешаванд. Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 100 дарсади шаҳрвандон ваксина карда шуда, дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ эмгузаронӣ идома дорад”, - таъкид кард оқои Ҷаъфаров.
Вай илова кард, ки дар Тоҷикистон аллакай 5 миллиону 287 ҳазору 165 нафар ду вояи ваксина, 5 миллиону 247 ҳазору 165 нафар — вояи сеюм ва 4 миллиону 223 ҳазору 325 нафар — вояи чоруми ваксинаро гирифтаанд.
“Аксари шаҳрвандон бо ваксинаи “CoronaVac” моякӯбӣ шудаанд", — иттилоъ дод Наврӯз Ҷаъфаров.
Мутобиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3 июли соли 2022 нашр шудааст, эмкунии шаҳрвандон аз синни 18 бар зидди коронавирус ҳатмӣ мебошад.
Нафароне, ки бар зидди коронавирус ваксина нагирифтаанд, бояд ба духтури оилавии худ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат кунанд. Ваксина барои шаҳрвандони мамлакат ройгон мебошад.