Баррасии мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Туркия

Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар умури мубориза бар зидди терроризм, экстремизм миёни мақомоти Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Вазорати умури дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба Сафири Туркия дар Тоҷикистон ба мардуми Туркия дар иртибот ба пайомадҳои фоҷиаи фалокатбори заминларза, ки 6 феврал дар ин давлат рух дод, изҳори ҳамдардиву таслияти амиқ карда шуд.
Баҳои баланду сипоси Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик
Ёдовар мешавем, ки Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо ҷумҳурӣ барқарор намуд. Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара Сафорати Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.
Чанде пеш мақомоти кишвар эълон карда буд, ки Тоҷикистон тасмим дорад гардиши савдоро бо Туркия то 1 млрд доллар расонад.
Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки барои ҷалби сармояи Туркия ба кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Ҷониби Туркия омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён карда буд.