Ахиран дар гузаргоҳи марзии Торҳам, яке аз бузургтарин гузаргоҳҳои миёни Афғонистону Покистон задухӯрди муссалаҳона миёни марзбонони афғон ва покистонӣ рух дод.
Дар ин бора шабакаи телевизионии “MM News” хабар медиҳад.
Задухӯрди муссалаҳона чанд соат пас аз он рух дод, ки толибҳо гузаргоҳи Торҳамро барои сафар ва тиҷорати транзитӣ баста, Покистонро дар риоя накардани тааҳҳудоти худ муттаҳам карданд.
То ба ҳол дар бораи талафоти тарафҳо маълумот интишор нашудааст.
Гузаргоҳи марзии Торҳам яке аз се масири калидии тиҷорӣ ва транзитӣ миёни Покистону Афғонистон аст.
Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябри ҳамон сол ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон эълон шуд, ки онро Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали толибҳо ба ҳайси вазири корҳои хориҷӣ кор мекард ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.