ДУШАНБЕ, 20фев — Sputnik. Киев дар самтҳои Купянск ва Краснолиман дар як рӯз ҳудуди то 150 сарбозашро аз даст додааст, иттилоъ додааст Вазорати дифои Русия.
“Дар самти Купянск бо оташи тӯпхонаӣ ва амалиёти фаъолонаи “гурӯҳи кувваҳои" ғарб дар маҳалҳои аҳолинишини Новоселовски Ҷумҳурии мардумии Луганск, Масютовка ва Крахмалноеи вилояти Харков неруҳову техникаи душманро торумор карданд. Дар як рӯз то 50 низомии украинӣ, як танк ва се мошин дар ин самт нобуд карда шуд”, - гуфт вазорат.
Вазорати дифоъ хабар дод, ки дар самти Краснолиманский дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ, оташи тӯпхонаӣ ва мушакандозҳои чандгонаи шадиди гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" дар манотиқи шаҳракҳои Ямполовка Ҷумҳурии Мардумии Донетск, Стелмаховка ва Червоная ДиброваиҶумҳурии Мардумии Луганск, то 100 низомии украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду тӯпи Д-30 ва инчунин як радари истеҳсоли ИМА AN/TPQ-37-и нобуд карда шуданд.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.