ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт бо роҳбарии вазир Азим Иброҳим аз километрҳои 12- 13 – и роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, ки дар баъзе ҷойҳо нуқсонҳо ба амал омадааст, дидан намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ба гурӯҳи корӣ роҳбарият ва ҳайати муҳандисони КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, ҶДММ “Роҳи Абрешим” ва дигар мутасаддиён шомил ҳастанд.
Қайд карда шудааст, ки вазири нақлиёт ба роҳбарият ва муҳандисони КВД “ПЛИН” ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо супориш дод, ки ҳар чи зуддтар сабабҳои пайдоиши нуқсонҳо, яъне кафидагиҳои рупӯши роҳоро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Зикр гардидааст, ки ҳангоми санҷиш инчунин иттилоъ дода шуд, ки қад - қади роҳи мазкур ҷойи шустушуи мошинҳо ташкил шудааст, ҳамчунин каналҳо то ҷои обпартои роҳ омада, онро пур мекунанд, ки ин боиси нам гирифтан вайрон гардидани роҳҳо мегардад.
Азим Иброҳим масъулинро вазифадор кард, ки дар якҷоягӣ бо паймонкорон ва мақомоти маҳалӣ дар тамоми масири роҳи навсохташуда бори дигар санҷиш гузаронда, сабаби пайдоиши нуқсонҳоро аниқ муайян ва ба таври хаттӣ пешниҳод намуда, камбудиҳоро то камиссия давлатии қабул пурра бартараф созанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоии аксҳои роҳи харобшудаи Душанбе-Бохтар нашр шуд, ки боиси баҳси зиёде миёни мардум шуд.