Чор иштирокчии даври нимниҳоии Ҷоми ФФТ - 2023 эълом шуданд

Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон - 2023 ба охир расид ва дар паи он иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ муайян шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ 4 тим - Клуби марказии варзишии артиш - КМВА, "Панҷшер", "Регар-ТадАЗ" ва "Равшан" роҳхат ёфтанд.
Дар ин бора ФФТ иттилоъ дода, афзуд, ки иштирокдорони даври нимниҳоӣ дар пайи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дар шаҳри Ҳисор муайян гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки дар даври нимниҳоӣ, ки рӯзи 22 феврал дар назар аст, тими КМВА бо дастаи "Панҷшер" ва "Регар-ТадАЗ" бо "Равшан" бозӣ мекунанд.
Дар Суғд барномаи маҳаллии рушди футбол тасдиқ шуд
Даври ниҳоии мусобиқа 25 феврал соати 15:00 ба нақша гирифта шуда, бозӣ барои ҷойи сеюм низ ҳамон рӯз соати 11:00 сурат мегирад.
Таъкид шудаст, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсия - 2023 ҳудуди 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ғолиби мусобиқа бо 50 ҳазор сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд, афзуд ФФТ.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври сеюм дар гуруҳи бозии "Истаравшан" – "Ҳосилот" бо ҳисоби 0:4, дар гуруҳи "Б" зӯрозмоии "Регар-ТадАЗ" – "Душанбе" бо ҳисоби 7:0 ва "Панҷшер" – "Парвоз" бо ҳисоби 6:1 анҷом ёфт.