ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивӣ бунёд намояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин масъала ахиран зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид.
“Дар ояндаи наздик ҷиҳати рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон, фаъолияти босамари соҳибкорон, хоҷагидорон ва боғпарварон як зумра тадбирҳои муассир, аз ҷумла бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивиро роҳандозӣ менамоем”,- қайд кардааст намояндагони Бонк.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки дар заминаи ин ҳамкорӣ соҳибкорону хоҷагидорон имкон доранд, маҳсулоти парваридаи худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешкаш созанд.
Ба гуфти масъулин, дар вилояти Хатлон барои рушди соҳаи кишоварзӣ заминаҳои мусоид вуҷуд дошта, соҳибкорону кишоварзони вилоят метавонанд бо роҳандозии як қатор чораандешиҳо маҳсулоти сифатан беҳтарро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намоянд.
Зикр гардидааст, ки бо фаъол гардидани бахши хусусӣ, шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкории судманд миёни намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва соҳикорону кишоварзон метавон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт.