Башор Асад аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард

Раисҷумҳури Сурия Башор Асад ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона изҳори сипос намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Сурия Башор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сурия Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот паёми таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бино ба заминларзаи шадид дар ин кишвар ба раҳбари Сурия тақдим гардид.
Дар навбати худ Башор Асад аз номи ҳукумат ва мардуми Сурия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.
Баҳои баланду сипоси Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик
Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд.
Кумакҳои башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳанд буд.