ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Суханони муовини котиби давлатии ИМА, Виктория Нуланд дар бораи Қрим ҳамчун як ҳадафи қонунии низомии Киев, умқи ихтилофоти байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русияро бозгӯй мекунад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков.
"Ин нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ҳамчун иғвогари асосии ташаннуҷи авзои байнулмилалӣ, ки феълан вуҷуд дорад, таъкид мекунад", - гуфт Песков дар суҳбат бо телевизиони "Россия".
Ба гуфтаи Песков, нуқтаи назари муовини котиби давлатӣ дар Кремл маълум аст.
"Хонум Нуланд ба як лагери хеле бузурги зӯргӯйҳо дар сиёсати Амрико тааллуқ дорад" гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Ахиран муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури сиёсӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида аз ҳамлаҳои Украина ба иншооти низомӣ дар Қрим ҳимоят мекунад. Вай онҳоро "ҳадафҳои қонунӣ" барои Киев номид.
Ба гуфтаи вай, Украина амн нахоҳад буд, агар нимҷазира "ҳадди ақал ғайринизомӣ карда нашавад".
Мақомоти Киев борҳо аз нақшаи ҳамла ба Қрим хабар додаанд. Мушовири раиси дафтари раисҷумҳури Украина, Михаил Подоляк, ахиран изҳор дошта буд, ки бо мувофиқа дар бораи интиқоли тонкҳо, Киев дар бораи интиқоли мушакҳо ва ҳавопаймоҳои дурпарвоз барои зарбаҳо ба нимҷазира музокира мекунад.