ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Кори имдодрасони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмараш анҷом ёфт ва ҳоло гурӯҳи 50 нафарӣ иборат аз мутахассисон ва табибон дар вилояти Хатой қарор доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки дар макони нави фаъолияти наҷотдиҳандагон, генерали гарнизони ҳарбии Хатой Хакан Тутужи бо генерал-майор Сулаймон Исозода, роҳбари дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ мулоқот кард.
Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни мулоқот генерали турк ба наҷотдиҳандагони тоҷик барои корҳои пурсамарашон дар ҷустуҷӯи одамон ва рафъи паёмадҳои заминҷунбӣ миннатдорӣ баён кард.
Ҳамчунин Тутужи ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои ирсоли кумакҳои башарӣ ба офатзадагон, расонидани кумакҳои фаврии тиббӣ, ёриҳои аввалия барои наҷоти зиндамондагон сипосгузорӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараш имдодрасони тоҷик се нафарро зинда аз зери биноҳои харобгардида пайдо намуда, ҳамчунин ҷасади 196 нафарро дарёфт намуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ беш аз 39 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.