Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар макони нав дар Туркия - видео

Гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон корро дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия ба анҷом расонда, дар шаҳри Хатой ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза пардохтаанд
Sputnik
Имдодгарони Тоҷикистон аз зери харобаҳо дар шаҳри Хатой то ҳол 15 ҷасадро берун оварданд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон аз Қаҳрамонмараши Туркия ба шаҳри Хатой ба хотири бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи даҳшатбор сафарбар шуданд.
Таъкид шудааст, ки то ҳол имдодгарон 208 ҷасадро аз зери харобаҳо дар Туркия берун овардаанд.
Миннатдории генерали турк ба имдодгарони Тоҷикистон
Дар рӯзҳои аввали баъди заминларза наҷотдиҳандагон дар як муддати кӯтоҳ се нафарро дар Қаҳрамонмараш зинда аз зери биноҳои фурӯрехта берун оварданд, ки миёнашон ду кӯдак буданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ дар Туркия наздики 41 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.