Ҳаракат миёни марказу шимоли Тоҷикистон барқарор гардид: Барои кӣ иҷозат нест?

Ҳаракат дар роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, дигарбора барқарор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд аз ду самт барқарор гардид, иттилоъ дод ширкати роҳбони "Innovative Road Solutions".
Ширкати мазкур, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар ин масир машғул аст, иттилоъ дод, ки танҳо ҳаракати нақлиёти боркаши ядакдор ва фураҳо ҳанӯз иҷозат нест.
"Каме пас гузариши автомобилҳои зикршуда низ иҷозат дода мешавад",- афзуд манбаъ.
Манбаъ афзуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рӯзҳои охир ба далели шароити бади обуҳаво масдуд буд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезии шадид фаро гирифт.
Ҷасади ду сокини Ишкошим ба далели масдуд будани роҳ дар Хоруғ дармонд
Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.
Аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.
Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.